Заминларза дар Тоҷикистон

Заминҷунбӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар ҳудуди Тоҷикистон тӯли ҳафтаи равон бори дувум аст, ки заминларза рух медиҳад. Ин дафъа ҷунбиши замин дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба қайд гирифта шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Марзи Тоҷикистону Афғонистонро заминҷунбии 4,3 балла такон дод, гузориш медиҳад Хадамоти воҳиди геофизикии Академияи илмҳои Русия.

Бидуни талафоти ҷонию вайронӣ: КҲФ заминларзаи дар Бадахшон рухдодаро шарҳ дод

Ҷунбиши заминро субҳи имрӯз соатҳои 08:53 бо вақти Душанбе дар жарфои 190 километрӣ ба қайд гирифтаанд.

Чеченистонро заминҷунбӣ такон дод - навор

Дар бораи хисороти моливу ҷонӣ иттилое нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ин заминларзаро то ҳол тавзеҳ надодааст.

Тоҷикистонро заминларза такон дод

Ёдрас мешавем, ки ин дувумин заминларза тӯли як ҳафта дар Тоҷикистон мебошад. Пештар заминларза дар шимолу шарқи Тоҷикистон ва марзи Тоҷикистону Чин ба қайд гирифта шуда буд.