ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Маскав иштирок мекунанд, гузориш медиҳад "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки 18-19 декабр дар варзишгоҳи Лужники баргузор мешавад, 11 варзишгари шинохтаи тоҷик иштирок мекунанд.
"Ҳафт нафари онҳо — Беҳрӯз Неъматуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100кг) ва Осмонбек Қуқаниев (+100 кг) дар намуди самбои варзишӣ миёни мардон рақобат менамоянд. Чор нафари дигар — Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ иштирок мекунанд", - менависад манбаъ.
Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ширкати варзишгарон аз 15 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо миёни мардону занон оид ба самбои варзишӣ, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон доир мешавад. Ба далели пандемияи Covid-19 мусобиқа бе ҳузури тамошобинон доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон — Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.
Медали нуқраи Акмалиддин Каримов дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо
Бояд гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев ҷоизаҳои зиёд ба даст овардаанд. Се нафари онҳо — Далер Музофиров (соли 2008), Акмалиддин Каримов (соли 2014) ва Хушқадам Хусравов (соли 2015) — бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.
Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар ин мусобиқа ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Хушқадам Хусравов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 62 кило ва Бахтовар Абдуллоев дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 100 кило бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашта буданд.