Ноиби вазир гуфт, истеҳсоли гӯшт, шир, ғалла, картошка зиёд шуд: чӣ қадар?

Саъдӣ Каримзода, муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд, соли равон истеҳсоли бисёре аз маҳсулоти ниёзи аввал дар кишвар афзоиш ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Каримзода зимни баррасии масоили кишоварзӣ дар парлумони Тоҷикистон гуфт,  баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ метавонад рушди босуботи иқтисодии мамлакатро таъмин намуда, таъсири манфии омилҳои берунаро ба иқтисоди миллӣ коҳиш диҳад.

Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод

Ӯ иттилоъ додааст, ки даҳ моҳи соли 2020  ғалладонагиҳо -  1 миллиону 465 ҳазору 314 тонна, картошка – 897 ҳазору 169 тонна, сабзавот – 2 миллиону 202 ҳазору 378 тонна, полезӣ – 730 ҳазору 231 тонна, мева – 405 ҳазору 423 тонна истеҳсол шудааст.

Инчунин тайи 10 моҳ  гӯшт – 193 ҳазору 746 тонна, шир – 728 ҳазору 728 тонна, асал -  3 ҳазору 784, моҳӣ 1 ҳазору 751 тонна ва тухм 785,4 миллион донна истеҳсол гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Каримзода.

“Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 истеҳсоли ғалладонагиҳо 114,4 ҳазор тонна ё ба андозаи 8,5 фоиз, пахта 2 ҳазор тонна ё 0,5 фоиз, сабзавот 247,3 ҳазор тонна ё 12,7 фоиз, полезӣ 76,6 ҳазор тонна ё 11,7 фоиз, гӯшт 19,3 ҳазор тонна ё 11,1 фоиз, шир 14,9 ҳазор тонна ё 2,1 фоиз, асал 12 тонна ё 0,3 фоиз, пашм 160 тонна ё 2,3 фоиз ва тухм 223,3 миллион дона ё 39,7 фоиз зиёд шудааст”, - омадааст дар матлаб.

Ба гуфтаи муовини вазир, дар пайи пешниҳоди сабукиҳо ба рушди соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 170 адад ва шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 352 адад расонида шуд.