Ҷанҷоли занушавҳарӣ: мард ҳамсари собиқро корд зад

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 32-сола хабар додааст, ки дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 17-уми декабри соли равон марди 32-сола дар як муноқишаи оилавӣ ҳамсари собиқи худро корд задааст.

Маҳкумшуда боз ба ҷиноят даст зад: дар муноқиша марди 34-сола ду корд хурд

Тибқи иттилои манбаъ, кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

Паҳлавони шинохтаи тоҷикро дар Хуҷанд корд задаанд

Гуфта шудааст, ки номбурда, ҳангоми дар хонаи собиқ ҳамсараш, зани 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шиками ӯ задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - таъкид доштааст манбаъ.

ВУД Тоҷикистон зикр кардааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.