Аз зодрӯзи Гулрухсор то унвони доктории Раҳмон дар Туркия: имрӯз дар таърих

Рӯзи ҳабдаҳуми декабр дар Белорус Рӯзи кино буда, дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика ва дар Бутан - Рӯзи миллӣ мебошад
Sputnik

Рӯзи 17 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1926 нахустин бор барӯйхатгирии аҳолӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ гузаронида шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1962 Конститутсияи Монако ба амал бароварда шуд.

Соли 1965 ғафстарин шумораи "Ню-ЙоркТаймс" дар ҳаҷми 964 саҳифа ва вазни 7 килограмм нашр шуд.

Соли 1986 дар Кембриҷ аввалин маротиба ҷарроҳии дар як вақт аз як кас ба каси дигар гузаронидани дил, ҷигар ва шуш гузаронида шуд.

Аз зодрӯзи Гулрухсор то унвони доктории Раҳмон дар Туркия: имрӯз дар таърих

Рӯзи 17 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи доимоамалкунандаи буҷавӣ баргузор гардид.

Соли 2012 дар Туркия Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 дар Туркия Эмомалӣ Раҳмон бо унвони доктори фахрии риштаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи Мавлоно сарфароз гардонида шуд.

Соли 2013  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи "Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ: ҷиҳатҳои сиёсӣ ва иқтисодию башардӯстонаи ҳамгироии АвруОсиё" конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе саҳми олимони рус дар омӯзиши таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик муҳокима карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 декабр

  • Рӯзи кинои Белорус.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи энергетика.
  • Дар  Бутан- Рӯзи миллӣ.

Рӯзи 17 декабр кӣ ба дунё омадааст

Абдуманнон Абдуллоев (1950) – доктори илми биологӣ, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Григорий Горбунов (1929)- бутофори театр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Гулрухсор Сафиева (1947) – Шоираи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Моёншо Назаршоев (1929 – 1994) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Акбар Нурматов (1942) – доктори илми тиб, профессор.

Лола Пӯлодова (1954) – оҳангсоз.

Ҳаким Юсуфов (1918 – 1990) – доктори илми геологӣ.