Оғози баррасии парвандаи қатли бераҳмонаи Замирамо ва Меҳрафрӯз дар Варзоб-видео

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парванди гумонбар дар қатли ду духтари ҷавон дар ноҳияи Варзоб оғоз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳ, баррасии парвандаи Сафаров Донёр Каримович ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич санаи 10 декабр оғоз шудааст.

Озори ҷинсӣ ва қатли 2 духтар дар Душанбе: таксиюм гуфта, бурдаст-видео

Ба иттилои манбаъ, Сафаров Донёр Каримович ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич, дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,з,п”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешаванд.

Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади ду ҷавонзани бедаракшуда аз Душанбе, Ҳайдарова Замирамо ва Меҳрафрӯзи Холмирзо хабар дод, ки дар пайи озори ҷинсӣ ба қатл расонда шудаанд

Тибқи иттилои ВУД, Ҳайдарова Замирамо, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи январи соли 2018 ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, сокини 18-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи апрели соли равон бедарак шуда буданд. Ҷасади ҳардуяшон ахиран дар як ғоре дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо карда шуд.

Оғози баррасии парвандаи қатли бераҳмонаи Замирамо ва Меҳрафрӯз дар Варзоб-видео

ВУД бо иттиҳоми қатли Замирамо ва Меҳрафрӯз сокинони шаҳри Душанбе - Дониёр Сафаров ва Раупов Саъдуллоро боздошт карда буд.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки Дониёр бо Замирамо робита дошта, пайваста ӯро дар заминаи рашку нофаҳмӣ латукӯб мекардааст. Ба иттилои ВУД, Сафаров ва Раупов соли 2018 Замираморо баъди латукӯб, дар бағоҷ бор карда, шабона дар ғори болои Харангон шиканҷаю озори ҷинсӣ дода, ба қатл расондаанд.

Ин ниҳод афзуд, ки ҷинояти дигарро Раупов Саъдулло, ки ба мусофирбарӣ машғул будааст, содир кардааст. Ӯ Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир савори мошинаш карда, баъди рад кардани алоқаи ҷинсӣ латукӯб ва ба қатл расондааст. Ҷасади дуюмро низ ба ғоре бурдаст, ки қаблан ҷасади Замираморо дар он пинҳон карда будаанд.