ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 сабт гардида, шумораи умумии гирифторон ба 12777 нафар баробар шуд.
Ҳамзамон, дар 24 соати охир 40 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфта, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12212 (95,6%) нафар баробар шуд.
Кашфиёти олимони Амрико: дар ду дақиқа коронавирус нобуд мешавад
Хушбахтона шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон касе аз коронавирус нафавтидааст. Аз аввали ҳамагирии ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 88 нафар қурбони ин вабои аср шудааст.
Манбаъ мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Вазорати тандурустӣ аз сокинони кишвар даъват мекунад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.