Муҳриддин аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо гуфт

Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO) Петтери Тааласро ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ҷалб кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ (WMO) Петтери Таалас видеоӣ суҳбат кард.

ЮНЕСКО таъсири иқлим ба пиряхҳои Помирро пажӯҳиш мекунад

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷа, дар мулоқот Петтери Таалас роҷеъ ба Эътилофи обу иқлим барои Ҳадафи 6-уми рушди устувор маълумоти муфассал додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи Эътилоф такон бахшидан ба иқдомот дар соҳаи захираҳои об тавассути андешидани тадбирҳои мушаххас дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ таваҷҷуҳи мусоҳиби худро ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ҷалб кардааст.

Аз тағйирёбии иқлим то камобии имсола: навори суҳбати Раҳмон дар СММ

Манбаъ афзуда, ки зимнан пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин аҳамияти тақвияти  ҳамкорӣ дар чорчӯби "Раванди оби Душанбе" таъкид гардидааст.