Шаб сарду рӯз гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Обуҳавошиносони Тоҷикистон хабар додаанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши борони суст дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ 15 дек - Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок ва тағйирёбанда  шуда, туман мефарояд.  Ҳарорати ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук  ва рӯзона  1+3  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Борону барф меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои ғарбии вилоят барфи суст меборад. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  19-24  ва дар баъзе ноҳияҳо то 32-37 дараҷа хунук ва рӯзона аз 5-10 то 12-17  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 дараҷа  хунук ва рӯзона 0-5  дараҷа хунук то мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм мешавад.