ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раёсати ин иттиҳодия тасмим гирифт, ки анҷумани навбатиро 23 декабри соли равон баргузор кунад.
"Қарор буд, анҷуман моҳи май ё июн барпо шавад, аммо ба далели пандемияи "вируси корона" ва ҳам маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президенти Тоҷикистон онро ба таъхир гузошта будем. Ҳоло шароити мусоид барои баргузории он фароҳам омадааст", - гуфт Ато Мирхоҷа.
Анҷумани Иттифоқи нависандагон мақоми олии роҳбарикунандаи ин муассисаи адибони Тоҷикистон буда, ҳар 5 сол барпо мешавад ва раёсат, президиум ва котиботи ИНТ – ро интихоб мекунад. Он бори аввал соли 1934 баргузор шуда, ин 15 – ум анҷумани ИНТ ба шумор меояд.
Ба қавли муовини аввали ИНТ, дар кори он, тибқи оиннома, аз се ду қисмати аъзои иттифоқ аз саросари кишвар ҳамчун вакил ширкат хоҳанд кард.
"Дар Анҷуман ҳисоботҳои раис ва комиссияи тафтишотӣ шунида шуда, аз рӯи онҳо музокираҳо сурат мегиранд. Сипас, раис, садорат ва раёсати ИНТ аз сӯи вакилон интихоб хоҳанд шуд", - гуфт Ато Мирхоҷа.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳудуди 400 узв дорад. Дар гузашта бархе расонаҳо нав шудани раиси ИНТ – ро пешбинӣ карда буданд. Аммо тибқи оинномаи ин ниҳод, як нафар ҳақ дорад ду маротиба раис интихоб шавад.
Ато Мирхоҷа мегӯяд, ҳаққи пешниҳоди номзадҳоро фақат вакилон доранд ва дар ҳоли ҳозир, номзади асосӣ худи раиси феълии иттифоқ хоҳад буд.
"Дар таърихи иттиҳод фақат як нафар ба муддати тӯлонӣ раиси ИНТ буд. Ин кас устод Мирзо Турсунзода буданд, ки аз соли 1946 то 1977 раисии иттифоқро бар дӯш доштанд. Дигарон ҳама ду даъват раҳбарӣ кардаанд. Дар замони истиқлол, бидуни ҳеҷ гуна истисно, як нафар фақат ба ду муҳлат ҳақ дорад", - гуфт ӯ.
Бюрои ташкилӣ, баъдтар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аввали солҳои 30 – и асри гузашта дар ҳайати Иттиҳоди нависандагони СССР таъсис ёфта, онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд.
Савод надоред: ихроҷи 40 адиб аз Иттифоқи нависандагон
Дар Анҷумани 14 – уми ИНТ, ки 29 – 30 июни соли 2015 барпо шуд, шоири маъруф Низом Қосим пури Ҷаҳонгир раиси ИНТ интихоб шуд.
Аммо маълум нест, ки ӯ ба даври дуввуми раёсати худ майл дорад ё хайр. Анҷумани 15 – уми ИНТ соати 9 – и рӯзи 23 декабр дар толори бузурги бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.