Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон: равғани офтобпараст

Русия дар доираи Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони милали муттаҳид кумаки ғизоиро ба Тоҷикистон идома дод: ба кишвар қисмати аввали равғани офтобпараст расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Русия ба Тоҷикистон дар доираи барномаи озуқавории СММ кумаки гуманитарӣ равон кард.

Маросими супоридани кумак дар ноҳияҳои тобеи марказ баргузор шуд.

Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон: равғани офтобпараст

 

Дар умум ба Тоҷикистон 180 тонна равған: 120 - ба Душанбе, 60 тонна ба шаҳри Хуҷанд дастрас шуд. Интиқоли маводи ғизоӣ идома дорад ва то охири сол бояд боз 303 тонна равғани дигар ба кишвар интиқод дода шавад.

Аз Русия ба Тоҷикистон ҳашт қатора гандуми тухмии гурӯҳи элита ворид карда шуд

Ин кумаки ғизоӣ аслан ба мактабҳои қишлоқҳои Тоҷикистон тақсим карда мешаванд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Марико Кавабата дар маросими супоридани кумаки гуманитарӣ қайд кард, ки барои Тоҷикистон боз кумаки 1200 тонна орд дар назар аст. Кавабата афзуд, ки дар давраи ҳамагирии коронавирус беш аз ҳама маруми қишлоқ осеб диданд.

Барнома бо интиқоли маводи ғизоӣ анҷом намеёбад. БҶО умед дорад, ки пас аз таъмини мактабҳои Тоҷикистон бо озуқа, Ҳукумати кишвар кумакро идома хоҳад дод. 

БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсиа дод, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирини кориаш дифоъ кунад

Русия ба мактаббачагони Тоҷикистон 2 ҳазор тонна орди витаминдор дод: боз медиҳад

Муовини вазири маорифи Тоҷикистон Латофат Назирӣ зимни суханронӣ аз СММ ва Русия барои дастгирии мактаббачагони Тоҷикистон изҳори сипос кард.

"То имрӯз барнома 52 ноҳия ва беш аз 410 ҳазор ниёзмандон, аз ҷумла 405 ҳазор хонандагони мактабро дар бар мегирад", - афзуд Назирӣ.

Сафири русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қайд кард, ки ин кумаки гуманитарӣ охирин нахоҳад буд.

"Ин рухдод намунаи муносиботи чандинсолаи Русия ва Тоҷикистон аст: муносибати дӯстона, кумаки тарафайн, шарикӣ ва иттифоқ", - гуфт сафир.

Лякин-Фролов афзуд, ки муносиботи Тоҷикистону Русия танҳо бо амнияти озуқаворӣ маҳдуд нестанд, балки маориф, соҳибкорӣ ва бисёр масъалаҳои мубрами дигарро низ дар бар мегирад.