Сари дастурхони камбизоат: Аҳмадзода ба аёдати ниёзмандон рафт

Дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд аксҳои замони аёдати Аҳмадзода аз хонаводаҳои камбизоату ниёзмандро нашр кард, ки бо дастархони пур ӯро пешвоз гирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ 15 дек - Sputnik. Тавре аз акси нашршуда бар меояд, дастархони оилаи камбизоат ҳадди аққал то 200 сомонӣ арзиш дорад.

Дар ҳамин ҳол, суоле бар меояд, ки ин дастархони пур нозу неъмат аз сӯи худи оилаи ниёзманд ё аз сӯи мақомоти вилояти Суғд ороста шудааст.  

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ахиран ба аёдати оилаҳои камбизоату ниёзманди шаҳри Исфара рафтааст. 

Гуфта шудааст, ки раиси вилояти Суғд ба манзили Мусоева Баҳрихон, Неъматова Паттихон ва Сангинова Мафруза ташриф оварда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Манбаъ қайд кардааст, ки Мусоева Баҳрихон мутаваллиди соли 1955 буда, бо ҳамроҳи духтараш истиқомат мекунад ва оилаи ӯ камбизоат мебошад.

Неъматова Паттихон маъюби гурӯҳи 1 ва духтараш маъюби гурӯҳи 2 мебошад, ки ҳардуяшон аз ҳисоби нафақаи маъюбӣ зиндагӣ карда истодаанд.

Ҳукумат акси баҳсбарангезро тоза кард: корбарон истеъфои раисро талаб доранд-24 акс

Сангинова Мафруза бошад бо ҳамроҳи духтарчаи ноболиғаш зиндагӣ дошта, ҳамчун камбизоат ба қайд гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, ки ахиран мақомоти вилояти Суғд чанд акҳои баҳсбарангезро низ нашр карда буд, ки миёни корбарони шабакаи иҷтимоӣ вокуниши зиёдеро ба бор овард.

Аз ҷумла аксе, ки мақомоти шаҳри Конибодом  нашр кард, дар он дида мешуд, ки даҳҳо марди мақомдор, дар канори се зан рост истода ба кори онҳо тамошо доранд.

Инчунин, дар гузашта нашри аксҳои пешвози мақомдорон ва ҷавонони Авангард дар вилояти Хатлон низ миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуда буд.