Баҳром Азаматов дар пайи рухдоди садамаи нақлиётӣ аз сафи БДА - и Суғд хориҷ шудааст

 Дар пайи таҳқиқи садамаи фалокатбори нақлиётии болои купрук (мости кӯҳна) и руди Сир дар Хуҷанд, Баҳром Азаматов, корманди Бозрасии давлатии автомобилии Суғд аз мақомаш барканор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Ҳодисаи бархурди фоҷиабори мошинҳо, шаби 3 октябр тахминан соати 22:30 дақиқа дар болои купруки кӯҳнаи Сирдарё дар Хуҷанд рух дода буд, ки бар асари он Акбар Ғаффорзода, корманди 32 солаи шуъбаи кофтукоби ҷиноии шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расида, чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Боздошти Рустамхуҷа, бародари Баҳром Азаматов, корманди баландмақоми БДА-и Суғд

Дар замони вуқӯъи ин ҳодиса РВКД дар вилояти Суғд ба расонаҳо иттилоъ дода буд, ки ин ҳодисаи нохуш бо сабаби ба самти муқобили ҳаракат баромадани мошини тамғаи Mersedess GL ҷип, рақамаш 01 74, ки ба Баҳром Азаматов, корманди шуъбаи имтиҳонию бақайдгирӣ (РЭО) БДА Суғд тааллуқ дорад, рух додааст.

Бино ба гуфти мақомот ҳодиса тавре рух додааст, ки ронандаи мошини Mersedess GL бо суръати баланд ба самти муқобили ҳаракат баромада бо мошини корманди ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бар хурдааст, ки дар натиҷа аз сабаби ҷароҳатҳои зиёд, Акбар Ғаффорзода дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Баъзе аз шоҳидони ҳодиса иброз намудаанд, ки суръати ҳаракати мошини Mersedess GL ба дараҷае баланд буд, ки ба ҷуз мошини корманди ШВКД Хуҷанд, боз ду мошини тамғаи “Mersedess” ва “Nexia” осеб дида, мусофирони дохили он ҷароҳат бардоштаанд.

Тағйироти кадрӣ дар ВКД: таъйини Имомзодаю Қурбонзода ба ҷои ҳамдигар

Чанде пеш манобеъ дар бораи боздошт шудани Рӯстамхуҷаи 23 сола, бародари Баҳром Азаматов иттилоъ дода буданд, ки гӯё дар шаби вуқуъи ҳодиса, мошини Mersedess GL, таҳти идораи ӯ қарор дошт.

Ҷарима барои дуди барзиёди мошинҳо дар Суғд: ҳаворо ифлос кардаанд

Мақомоти тафтишотӣ қаблан нисбати Азаматови хурдӣ бо моддаҳои 212 қисми 2, (вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ ва истифодаи нақлиёт, ки боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ гаштааст) ва 127 қисми 2 (дар хатар монондан) парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд.

Манобеъи муътамад аз зерсохтори ВКД ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки “дар пайи рухдоди садамаи нақлиётӣ бо фармони вазир Рамазон Раҳимзода, Баҳром Азаматов аз мақоми вазифавиаш дар БДА и Суғд барканор шудааст”.

Баҳром Азаматов корманди шуъбаи бақайдгирию имтиҳони (РЭО)-и БДА-и Суғд буд.

Бар пояи иттилоъи БДА дар тули 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди роҳҳои вилояти Суғд, 224 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи рухдоди чунин ҳодисаҳои мудҳиш 208 кас ҳалок шуда, 231 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.