ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Тибқи натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ аз иёлотҳо, Ҷо Байден президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида мешавад.
Байден 306 раъйи ҳайати интихобкунандагонро ба даст овард, ки бо барои пирӯзӣ 270 овоз кифоя аст. Президенти кунунӣ Доналд Трамп бошад 232 овоз дорад.
Бояд қайд кард, ки Трамп натоиҷи интихоботиро қабул надорад ва кӯшиш мекунад, исбот кунад, ки дар интихобот тақаллуби ва қонуншиканиҳои зиёд содир шудааст. То имрӯз ягон додгоҳ даъвои ӯро қонеъ накардааст.
Ҷо Байден гуфт бо коронавирус дар Амрико чӣ гуна мубориза мебарад
Номзадии президенти нав ва натиҷаҳои интихоботи 6 январ бояд аз ҷониби Конгресс тасдиқ карда шаванд.
Дар сурати баровардани ҳукми мусбат аз марҳилаи охир, савгандёдкунии президенти тозаинтихоб рӯзи 20 январ баргузор мешавад.
Интихоботи президентии ИМА рӯзи 3 ноябр баргузор шуд.
Шикастро қабул надорад: Трамп мегӯяд, ӯ дар интихобот пирӯз мешавад
Гуфта мешавад, дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико дар тайи 120 сол бори аввал шумораи зиёди интихобкунандагон ҳозир шуданд.
Шарти қабули шикасти Трамп дар интихоботи президентии Амрико эълон шуд
Рекорди пештара дар кишвар соли 1900 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт дар интихобот 73, 7 дар сади интихобкунадагон ҳозир шуда буданд, ин дафъа 66,9 дар сади сокинони Амрико дар интихобот иштирок карданд.