Дар Маскав Валентин Гафт, ҳунарманди шинохтаи синамо ва театр фавтид.
Ӯ бо нақшҳои офаридааш дар филмҳои ҷовидонаи замони шӯравӣ, ба монанди "Гараж", "Биҳтишти ваъдагӣ", "Дар мавриди сарбози бечора ҳарфе бигӯ...", "Мастер ва Маргарита", "Ҷодугарон" ва бисёри дигар дар хотираҳо монд.
Ӯ тамоми умрашро ба ҳунармандӣ бахшид, то охири ҳаёт дар саҳна нақш меофарид.
Дар баробари фаъолияти ҳунармандӣ Валентин Гафт инчунин ба адабиёт шуғл дошт. Ӯ чанд китоби шеърҳояшро нашр намуд.
“Мардум, мо намемурем. Дар ҳар кадоми мо шабпараке зиндагӣ мекунад”, - навишт Гафт дар маҷмӯи иншояҳош зери унвони “Чароғҳои сурх”.
Sputnik Тоҷикистон аксҳои ҷолибро аз ҳаёту эҷодиёти Валентин Гафт ҷамъоварӣ намуд.