ДУШАНБЕ, 14 дек – Sputnik. Яке аз наздикони Қудратбек Элчибеков ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум вақтҳои охир аз варами ғадуди зери меъда, фишорбаландӣ ва дигар аворизи ҷисмонӣ азият мекашид.
“Дақиқ нест, ки аз “вируси корона” гузаштаанд, аммо дар гузашта чунин аз по намеафтоданд. Пас аз бистарӣ шудан зуд ба по мешуданд. Рафтани он кас барои мо талафоти бузург аст”, - гуфт ӯ.
Қудратбек Элчибеков 23 ноябри соли 1938 дар деҳаи Вери ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таввалуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо ихтисоси филолог - шарқшинос ва курси таълими олии Кумитаи бехатарии назди Шӯрои вазирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
Аз соли 1968 то охири умр корманди Шӯъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттӣ, ҳоло Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи улуми Тоҷикистон буд. Соли 1977 дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи "Силсиламаротиби рӯҳоният дар мазҳаби исмоилия" дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илми таърих гардид.
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1977 – 1983) ва дар сафи неруҳои Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон (1983 – 1986) ба сифати тарҷумони низомӣ вазифа анҷом дода, бо нишони "Ситораи сурх" ва медалҳои "Барои шуҷоат" ва "Барои хизматҳои ҷангӣ" қадрдонӣ шудааст.
Аммо ин танҳо тарҷумонии Қудратбек Элчибеков набуд. Ӯ дар замони ҷанг алайҳи Толибон ва ҳам ҳукумати нави Кобул ҳайатҳоеро аз Русияву Қазоқистон ва Украина ҳамчун тарҷумон ҳамроҳӣ менамуд.
Ҳангоми суқути ҳукумати Толибон дар ноябри соли 2001 ӯ барои ҳайати рӯзноманигорони телевизиони аввали Русия дар Афғонистон тарҷумонӣ мекард.
Солҳо ба ин сӯ узви раёсати Чамъияти дустӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон буд. Ба хизматҳои илмии ӯ ширкат дар тарҷумаи феҳристи нусхаҳои хаттии Ганҷинаи дастнависҳои Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи улуми Тоҷикистон, феҳристи дастнависҳои хаттие, ки аз тарафи А. Бертелс ва М. Бақоев ба номи «Каталоги алифбоии дастхатҳои ёфтшуда дар Бадахшон аз сӯи экспедитсияи 1959-1963” аз русӣ ба тоҷикӣ дохил мешаванд, ки дар Эрон нашр шудаанд.
Қудратбек Элчибеков "Шаш фасл"-и Носири Хусравро ба муносибати 1000-солагиаш дар соли 2003 ва матни комили "Кимиёи саодат"-и имом Муҳаммади Ғаззолиро дар соли 2008 дар ду ҷилд (бо ҳамкории Дӯстмуҳаммади Дӯст) ба чоп расондааст.
Олими маъруфи тоҷик 13 декабр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд.