Ҳушдори Русия ба Озарбойҷону Арманистон: оташбасро риоя намоед

Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, ки барои нахустин бор аз замони поёни ҷанг дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ва оғози амалиёти сулҳбонии Русия дар минтақа, оташбас дар ин минтақа нақз шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ба гузориши РИА Новости, вазорати дифои Русия пас аз тирандозиҳои пароканда дар минтақаи Ғадрут дар Қаробоғ аз тарафҳои арманӣ ва ҷумҳурии Озарбойҷон хост то оташбасро риоят кунанд.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки нерӯҳои сулҳбони Русия дар минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ба анҷоми вазифаҳои худ идома медиҳанд ва дар 23 маҳал истиқрори дидбонии сулҳбонони русӣ дар Қаробоғ назорати оташбас барқарор аст.

Норасоии табибон дар Қарабоғ: пизишкони низомии рус ба кумак омаданд - видео

Ахиран вазорати дифои Арманистон аз пешравии нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷануби Қаробоғ ба сӯи рӯстоҳои минтақаи Годрут, ки кантроли он ба Озарбойҷон вогузор шудааст, хабар дод.

Нерӯҳои озарбойҷонӣ, ки кантроли минтақаи Годрутро ба даст гирифтаанд ба иллати ҳузури шуморе аз нерӯҳои арманӣ ҳанӯз натавонистаанд дар ду рӯстои воқеъ дар ин минтақа ҳузур ёбанд.

Ёдрас мешавем, ки тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои оташбаси комил ва рафъи тамоми душманиҳо дар минтақаи Қаробоғ рӯзи 10 ноябр ба имзои Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  нахуст вазири Арманистон Никол Пошинян ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин расид. 

Бар асоси ин тавофуқ назорати манотиқӣ дар Қаробоғ, ки дар даргириҳои ахири байни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои озарӣ афтод ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешуд.

Ҳамин тариқ, якчанд шаҳрҳои Қаробоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Шуша, Ҷаброил ва Зангилон аз ишғоли Арманистон озод карда шуданд.

Даври ҷадиди даргириҳо байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қаробоғ аз бомдоди якшанбеи 27 сентябри 2020 аз сар гирифта шуд ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз тарафайнро дар пай дошт.