Мария Захарова сиёсати таҳримбандии Амрикоро шарҳ дод: ин як беморист

Намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова таҳримҳои нави Амрико бар зидди Русияро шарҳ дод
Sputnik

Барои мо аҷиб аст, ки дар шароити мушкили сиёсӣ ва эпидемиологӣ дар Амрико ва ҷаҳон, назаре вуҷуд дорад, ки гӯё Русия дар нақзи ҳуқуқи инсон айбдор дониста мешавад, гуфт Мария Захарова намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия.

Захарова: Маскав ба таҳримҳои навбатии Иттиҳоди Аврупо посух мегӯяд

“Ба ҷои он ки ба суолҳои мубрами мардуми Амрико, ҷавоб диҳанд, қонунгузорон ба мавзӯе даст мезананд, ки ба онҳо ҳеҷ рабте надорад”, - гуфт Захарова.

Вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кардааст, ки ин ҳама эъломияҳои Амрико асос надорад ва дар ин бора ин кишвар ҳатто аз далели ҷиддӣ низ бархурдор нест.

“Маълум аст, ки таҳдиди афсонаӣ аз тарафи Маскав – ин як маҳсулот барои ошхонаи дохилии Амрико аст. Ин як беморӣ аст”, - илова кард Мария Захарова.

Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки бемор сиҳат мешавад ва миёни Маскаву Вашингтон гуфтугӯи судманд барои ҳалли мушкилиҳои ҷиддии глобалӣ барқарор мешавад.