Ҷаримаи хонум Кибриё барои таҷлили тӯйи фарзандаш: 30 нафар зиёд даъват кард

Суди ноҳияи Сино парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба сокини ноҳия Кибриё Сидиқова баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” Кибриё Сидиқова барои тӯйи домодии фарзандаш бар хилофи талаботи банди 1 моддаи 10 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” амал кардааст.

Қонуни танзим хушатон омад? – Кумитаи дин ҳазорон нафарро ба пурсиш гирифтааст

“Тибқи муқаррароти ин банди қонун тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад. Аммо Кибриё Сидиқова иловатан бо иштироки зиёда аз 30 нафар бо оростани дастархон дар 3 хона ба мардум зиёфат додааст”, - таъкид доштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ин кирдори ӯ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон бандубаст гардид.

Манбаъ зикр кардааст, ки Кибриё Сидиқова дар мурофиаи судӣ ба кирдораш пурра иқрор шуда, гуфт, ки онро бинобар нофаҳмӣ анҷом додааст.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳ Кибриё Сидиқоваро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5800 сомонӣ таъйин кард.