Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи 12 - уми декабр - Рӯзи бетарафӣ дар Туркманистон, дар Рӯзи Сарқонун дар Русия ва Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Қазоқистон мебошад
Sputnik

Рӯзи 12 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1911 пойтахти Ҳиндустон аз Калкутта ба Деҳлӣ кӯчонида шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1932 миёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Чин муносиботи дипломатӣ баркарор карда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1992 дар Индонезия бар асари заминларза 2200 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1995 иҷлосияи 50-умини Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки тибқи он ба Туркманистон расман мақоми ҳамешагии  давлати бетараф дода шуд.

Рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ипотека"-ро қабул намуд.

Соли 2015 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии "Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд" суханронӣ карданд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумонӣ дар ҶТ (1 марти соли 2015) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка рафтанд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2018 Вера Исмоилова мудири телевизиони "Мир" дар Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 2018 Раҳмон тағйироти кадрӣ амалӣ карда, раисони панҷ шаҳру навоҳии Суғду Бадахшону Хатлонро ҷо ба ҷо кард.

Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр

  • Рӯзи бетарафии Туркманистон.
  • Дар  Русия – Рӯзи Конститутсия.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
  • Дар Кения – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 12 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 – нависанда  Чингиз Айтматов.

Солҳои (1908-1976) – академик Абдулғанӣ Мирзоев.

Солҳои (1914-1975) – таърихшинос Арда Қувватов.