Тасдиқи смета: Маҷлиси миллӣ солона чанд миллион хароҷот дорад?

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба уҳда дорад, сметаи хароҷоташро барои соли 2021 тасдиқ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Илёс Идрисзода, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳафтаи равон дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон сметаи хароҷотро барои соли оянда ироа намуд.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Идрисзода гуфт, бар асоси қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли оянда 3,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ӯ таъкид намуд, ки дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ тағйирот пешбинӣ нашуда, он аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.

Аъзои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи муаррифӣ сметаи мазкурро тасдиқ намуданд.

Қаблан Маҷлиси миллӣ барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ дар Дастгоҳи Маҷлис озмун эълон карда буд, ки маош аз 1200 сомонӣ то 3300 сомониро ташкил медод.