Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи ёздаҳуми декабр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳ ва ҳамзамон Рӯзи байналмилалии рақси "танго" таҷлил карда мешавад
Sputnik

Рӯзи 11 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1852 дар Париж кӯҳнатарин бинои сирк кушода шуд.

Соли 1946 аввалин компютери "Марк-1" ихтироъ карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи "Московский комсомолетс" аз чоп баромад.

Соли 1946  Фонди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.

Рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои футболбозони ҷавон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи "С" минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи "Обтаъминкунии шаҳри Душанбе" илова ворид карданд.

Соли 2014  дар шаҳри Душанбе нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот баррасӣ гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Маскав ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.

Соли 2012 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар конфронси "Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд" ба Туркманистон сафар кард.

Соли 2015 вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр

  • Рӯзи байналмилалии кӯҳ.
  • Рӯзи байналмилали рақси "танго" 

Рӯзи 11 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1952 - коргардон, ходими хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳалим Сангинов.