Автобусҳои Хуҷанд ба низоми пардохти электронӣ гузаштанд: усули “қадимӣ” кай нав мешавад?

Як моҳ ба ин тараф автобусҳои шаҳри Хуҷанд ба низоми нави пардохти роҳкиро гузаштанд. Яъне пардохти ҳаққи роҳкиро на ба таври нақдӣ, балки тавассути корт сурат мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Масъулинони идораи "Нақлиёти мусофиркашон"-и шаҳри Хуҷанд дар шарҳи роҳандозии ин тарҳи ҷадид гуфтанд, ки гузаштан ба низоми пардохти электронӣ яке аз бахшҳои муҳими тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" аст.

Низоми "қадимӣ"-и пардох иваз мешавад?

Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд" дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, то мутобиқ шудани мардум ба низоми ҷадид, ба ҳисоби корт дар автобусҳо низоми пардохти нақдии анъанавии роҳкиро амал мекунад.

Пардохти роҳкиро дар автобусҳои шаҳри Хуҷанд тариқи кортҳои нақлиётӣ сурат мегирад

"Ин низоми нав аст ва марҳилаи гузариш ба он ҳам як каме мушкилтар мебошад, аз ин хотир ҳоло тавассути кортҳои пластикӣ ва ҳам тариқи пардохти нақдӣ сокинон аз хизматрасонии автобусҳо истифода карда метавонанд", - афзуд Бобоҷонов.

Абдуҷалил Бобоҷонов таъкид намуд, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 73 нуқтаи сайёри фурӯши кортҳои Dushanbe city дар истгоҳҳо ва бозорҳо ташкил карда шудааст. Дар худи автобусҳо ва аз ҷониби ронандаҳо низ фурӯши кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.

Масъулони идораи нақлиёти Хуҷанд гуфтанд, ки арзиши чунин кортҳо барои пардохти электронии роҳкиро ройгон аст.  4 - сомоне, ки дар вақти хариддории корт пардохт мешавад ба суратҳисоби соҳиби корт маҳфуз нигоҳ дошта мешавад ва дар сурати бозпас гардонидани корт ин пул ба соҳибаш баргардонида мешавад.

"Барои гузаштан ба ин низоми нав, ки талаботи замони муосир аст, гурӯҳи волонтиёрон дар миёни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ бурда истодаанд”, - гуфт Бобоҷонов.

Сокинон дар шаҳри Хуҷанд дар бораи гузаштан ба низоми нави пардохти роҳкиро фикрҳои гуногун доранд.

Фаррух як сокини шаҳри Хуҷанд зимни суҳбат таъкид кард, ки  низоми пардохти электронӣ, хубтар аст. Ӯ гуфт, барои духтараш, ки донишҷӯ аст, корт харида, ба суратҳисоби он аз корти бонкиаш пул ворез медиҳад.

Боз дар ду хатсайри автобуси пойтахт пардохти роҳкиро ғайринақдӣ мешавад

"Пардохти электронии роҳкиро бартариҳои зиёд дорад. Ба мусофир тез хизмат расонида мешавад. Дигар ин, ки он ҳолатҳое, ки ҳангоми  баргардонидани бақияи пул миёни мусофирон ва пулчинакҳои дохили автобусҳо нофаҳмиҳо сурат мегиранд, аз миён бурда мешавад. Танҳо кортро рӯи монитор гузошта, минтақаи сафари худро интихоб мекунед, тамом", - гуфт сокини шаҳри Хуҷанд.

Мурод Олимов як ҳамсуҳбати дигари мо мегуяд, гузаштан ба ин низом тақозои замони муосир аст. 

"Техникаву технология хеле пеш рафта истодааст. Давлатҳои ҷаҳон кайҳо ба ин низом гузашта буданд. Мо ҳам бояд ба ин низоми нав гузарем", - зикр кард Олимов.

Барқ набошад, банкомат кор намекунад

Аммо ба фарқ аз ин мусоҳиби мо, баъзеҳо  дар мавриди гузаштан ба низоми электронии пардохти роҳкиро назари дигар доранд.

Собир Абдураҳимов сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегуяд, ҳоло имкони дуруст барои мутобиқ шудан ба ин низом вуҷуд надорад. Ин ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки мушкили қатъи интиқоли барқ, кори мунтазами банкоматҳоро боз медорад ва ба ин далел на ҳама аз имкониятҳои кортҳои плостикӣ истифода бурда метавонанд.

"Вақте мо кортро харидему лек суратҳисобамон холӣ шуд. Барои пур намудани суратҳисоб, зарурати рафтан ба назди банкомат ба вуҷуд меояд, аммо вақте, ки барқ набошад банкомат кор намекунад, дар ин ҳолат ба шаҳр омадан лозим аст, ки боз сарфаи вақт аст", - иброз намуд мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ, ҳаракати автобусу тролейбусҳо дар Хуҷанд ҳам аз ҳаракат боз монд. Бо дигар шудани вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар кишвар, кори мусофирбариро дар Хуҷанд, умдатан ширкатҳои хусусии мусофиркашонӣ ба зиммаи худ гирифтанд. Зеро автобусҳои сохти шуравӣ, ё СССР корношоям шуда аз ҳаракат бозмонданд. Ҳудуди бист сол ба ин тараф микроавтобусҳо, ки асосан аз они ширкатҳои хусусӣ мебошанд, ба кори мусофирбарӣ машғуланд.

Боздошти Саидхуҷа Баҳоваддинов, собиқ роҳбари "Нақлиёти мусофиркашон"-и шаҳри Хуҷанд

Барои тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ" Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ду соли пеш ба идораи "Нақлиёти мусофиркашон" - и шаҳри Хуҷанд,  26 миллион доллар қарзи даҳ сола ҷудо кард. Аз ин ҳисоб 17,5 миллион доллар қарз ва 8,5 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт гуфта мешавад. 

Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" дар Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонкӣ дар соли 2018, 100 адад автобусҳои тамғаи "ЛИАЗ 4292"  ва  "ЛИАЗ 5292" - ро аз Федератсияи Русия ворид кард ва ҳаракати ин навъ нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи онро роҳандозӣ намуд. 

Аммо, баъди чанд вақт кори автобусҳои нав дар рақобат ба микроавтобусҳои ширкатҳои хусусӣ ба мушкил печид ва ронандаҳои автобусҳо  дар суҳбат бо расонаҳо дар бораи мушкили пардохти маош шикоят намуданд.

Ҷароҳат бардоштани 5 тоҷикистонӣ дар бархӯрди автобус бо мошини сабукрав

Аз моҳи ноябри соли ҷорӣ баъди чанд муддати "пауза" ҳаракати автобусҳо дар шаҳр бо низоми нави пардохти электронии роҳкиро дубора фаъол карда шуд. 

Зимнан, Хуҷанд баъд аз Душанбе дуюмин шаҳр дар Тоҷикистон аст, ки дар автобусҳо таҷҳизоти электронии пардохти роҳкиро насб карда  шудааст.  Автобусҳои пойтахт ҳам аз сӯи ҳамин ширкат ба низоми нави пардохти роҳкиро гузаронида шудааст.

Ширкати "Авесто гурӯҳ" дар роҳандозии ин тарҳи нав  ғолиб шуда ва бо харҷи 327 ҳазор доллар, муодили бештар аз 3, 5 миллион сомонӣ иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизотҳои пардохти электронӣ дар автобусҳои Хуҷандро бар уҳда гирифтааст.

Низоми электронӣ: зуд ва шафоф

Фарҳод Абдуллоев, роҳбари лоиҳаи Dushanbe сity и ширкати "Авесто гурӯҳ" дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, гузаштан ба низоми нави пардохти роҳкиро аз чанд ҷиҳат муфид аст.  Ӯ гуфт, бо гузаштан ба низоми электронӣ дар фаъолияти ронандаҳо ва ширкатҳои мусофирбарӣ принсипи шафофият риоят карда мешавад.

Роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе гарон шуд

"Бештари ширкатҳои мусофирбарӣ дар бораи камбуди даромад ва ё тасарруфи маблағҳои ҷамъшуда шикоят мекунанд. Ронандаҳо ҳам дар чунин ҳол худро ҳимоя карда метавонанд. Вақте, ки низоми пардохти электронӣ ҷорӣ шуд, на корхона аз ронанда ва на ронанда аз роҳбари корхона шикоят пеш оварда метавонад”, - афзуд Абдуллоев.

Аз сӯи дигар Абдуллоев мегуяд, ки бо гузаштан ба ин низом, пули нақд аз миён бурда мешавад ва хатари сироятёбӣ ба ҳаргуна бемориҳо, махсусан коронавирус камтар мешавад.

Ба иттилои манбаъ, то ин дам дар умум 40 ҳазор корти пардохти электронии роҳкиро мавриди истифодаи аҳолӣ дар Суғд қарор дода шудааст.

"Дар кортҳои бонкӣ ҳам сокинон метавонанд суратҳисоби пардохти роҳкиро барои нақлиёти ҷамъиятиро насб карда тавонанд", - гуфт  Абдуллоев.

Бино ба иттилои расмӣ ҳоло дар 110 ширкати хусусӣ бештар аз ду ҳазор микроавтобус дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии Суғд дар гардиши мусофирбарӣ амал мекунанд. Ширкатҳои хусусӣ ба ин ҳол як рақобати бузургро миёни автобусҳо ба вуҷуд овардаанд.

Ба иттилои Идораи "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд алъон 50 автобус ҳамарӯза дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи он бо нархи 1 ва 2 сомонӣ ба сокинон хизмат мерасонанд.

Масъулин мегуянд, имкони ба ҳаракат баромадани шумори аз ин ҳам бештари автобусҳо мавҷуд аст, вале дар сурати камбуди мусофирон, кори  автобусҳо танҳо хароҷотбор хоҳад шуд.

Дар шоҳроҳи "Душанбе-Тошканд" автобус бо 20 мусофир чаппа шуд

Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд мегуяд, то имрӯз шаш марҳилаи пардохти қарзи автобусҳоро сипарӣ намуда 4,3 миллион доллар аз 17, 5 миллионро соф кардааст.