Омори COVID - 19 дар Тоҷикистон: чанд нафар сироят ёфту чанди дигар фавтид

Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон аллакай мӯътадил шудааст. Ба фарқ аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҳамарӯза аз 30 то 40 ҳолати сироятшавии ҷадид ба қайд гирифта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Вазорати тандурустӣ дар гузориши нави худ аз 37 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус хабар дод.

Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, бо илова шудани 37 ҳолати охир, ҳамакнун шумораи умумии сироятёфтагони ин дард аз аввали пайдоиши он ба 12 588 нафар баробар шуд.

Марги як тоҷикистонии дигар аз коронавирус таъйид шуд: омори вазорат

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 12009 нафар расидааст.

Манбаъ меафзояд, дар 24 соати ахир аз ин беморӣ дар мамлакат нафаре ҷон набохта, теъдоди қурбониён ба 88 нафар баробар аст.

Вазорати тандурустӣ зимни ироаи омори нав, ҳамарӯза аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар замони пандемия ба риояи қоидаҳои санитарии шахсӣ диққати асосӣ диҳанд.