"Аз 300 то 1000 сомонӣ мегирифт": пулис муллоро боздошт карду мадрасаашро баст - навор

Кормандони милитсия дар шаҳри Ваҳдат муллоеро боздошт намуданд, ки дар шароити ғайрисанитарӣ манзилашро ба мадраса табдил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ,  10 дек — Sputnik. Ашӯров Абдуҳалим сокини шаҳри Ваҳдатро кормандони милитсия барои ташкил намудани мадрасаи ғайриқонунӣ боздошт карданд.

Даргузашти мулло Абдураҳими Понғозӣ аз коронавирус: масҷид бунёд карду роҳ сохт - навор

Ба иттилдои котиботи ВУД Тоҷикистон, номбурда дар манзили зисташ мадрасаеро ташкил карда, ноболиғонро ба таълими ғайриқонунӣ фаро мегирифт.

Тафсилоти боздошти “Мулло-профессор” дар Ҳисор

Манбаъ меафзояд, ин мулло худ саводу дониши мукаммали динӣ надорад, ӯ хатмкардаи ягон мадраса набуда, танҳо пеши кадом муллои дигар таълим гирифтааст.

Зимни бозпурсӣ, мулло иқрор шуд, ки бар ивази таълими динӣ аз ҳар кадом ноболиғ аз 300 то 1000 сомонӣ ҳаққи тадрис мегирифт.

ВКД дар гузоришаш ба таълими ғайриқонунии динӣ даст задани Абдуалим Ашӯровро “кирдори зиёновар” номида, мегӯяд, ки ин ба ояндаи кӯдаконе, ки дар чунин мактабҳо таҳсил мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад.

Кормандони милитсия мадрасаи Абдуҳалимро бастанд.