Вахон ном мегузоранд: Парлумон тағйири номгузорӣ дар Ишкошимро баррасӣ мекунад

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 9 декабр масъалаи иваз намудани номи ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошимро баррасӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Бар асоси тағйироти пешниҳодшуда, дар назар аст, ки номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон табдил дода шавад.

Пешниҳоди тағйири номи Шаҳритуз: Тӯс шавад

Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси милллӣ, масъалаи мазкур ба барномаи ҷаласаи палатаи болоии парлумон ворид шуд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат аз Вахон ном гирифтани ҷамоати деҳоти Шитхарв ҷонибдорӣ карда, барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод намуда буд.

Ваҳдату Истиқлол камтар мешаванд: ҷонибдории Ҳукумат аз тағйири ҷойномҳои такрорӣ

Таъкид шуда буд, ки ин тағйиротро дар номгузорӣ Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон пешниҳод кардааст.

Пештар Ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помирро, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дод. Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, минбаъд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи "Озодӣ" гирифт.

Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи  6230-метрӣ, ки соли 2009 “Озодӣ” номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, "Сангталак"  ном гирифт.