Рухдоди аҷиб: чӣ гуна абрҳо нопадид мешаванд - навор

Сайёҳон дар як минтақаи Новороссийск рухдоди аҷиби табииеро ба навор гирифтаанд. Гардишгарон ба баландии 540 метр аз сатҳи баҳр баромада, нопадид гаштани абрҳоро мушоҳида карданд
Sputnik

Ин рухдоди аҷибро гардишгаре аз Сибир дар яке аз минтақаҳои Новороссийск ба навор гирифтааст, хабар медиҳад Sputnik Белорус.

Ноябри барфии Душанбе - видео

Ҷавонон ба баландии 540 метр аз сатҳи баҳр баромада, мушоҳида карданд, чӣ гуна абрҳо ба халиҷи Тсемеск поён мефароянд ва ба шаҳр норасида дар ҳаво нопадид мешаванд.

Ҳавошиносон шарҳ доданд, ки чунин ҳодиса кам ба назар мерасад ва сабабаш  поину боло рафтани ҳарорат аст.

Новороссийск бо обу ҳавои ноустувори худ маълум аст. Аз моҳи ноябр то март дар ин шаҳр шамоли сахт ба амал меояд, ки ҳавои сардро аз баландкӯҳи Кавкази Шимолӣ ба соҳили баҳри Сиёҳ интиқол медиҳад.

Бод  метавонад то 50 метр дар як сония бивазад.