Нахуствазири Покистон аз ҷаҳони ислом талаб кард равобиташонро бо Фаронса қатъ кунанд

Расонаҳои Покистон аз тасмими нахуствазири ин кишвар барои матраҳ кардани баҳси қатъи равобити кишварҳои исломӣ бо Фаронса хабар доданд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Расонаҳои покистонӣ ахиран навиштанд ба дунболи шиддат ёфтани исломҳаросӣ дар Фаронса ва иқдомоти тавҳиномези нашрияи Шарли Эбдо, Имрон Xон нахуствазири Покистон тасмим гирифтааст то бо сарони кишварҳои исломӣ дар бора қатъи равобит бо Порисро баррасӣ кунад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Имрон Хон ба Ҳинд барои идомаи ҳамла ба хати контроли Кашмир ҳушдор дод

Тибқи иттилои манбаъ, ҳар ҳамин асос, вазири умури хориҷаи Покистон аз тарафи Имронхон маъмур шуда то бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ тамос бигираду натиҷаи онро ба иттилоъи кобинаи давлати Покистон бирасонад.

Давлати Покистони 17 ноябри гузашта даъвои аслии ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ин кишварро, ки дар эътироз ба тавҳини нашрияи Шарли Эбдо ба соҳати муқаддаси Паёмбари Акрам (с) таҷаммӯъ карда буданд, пазируфт ва қавл дод мавзӯи ихроҷи сафири Фаронса аз ин кишварро баррасӣ хоҳад кард.

Мақомоти Исломиобод тасмим гирифтааст, коҳиши равобити дипломатӣ бо Порирсо дар порлумони миллӣ матраҳ кунад.

Ҳамзамон фарохондани сафири Исломобод аз Порис ва таҳрими расмии молҳои фаронсавӣ дар шаҳрҳои Покистон аз дигар хостаҳои муътаризон буд.