"Барқи Тоҷик" аз мардум узр хост: аз фардо лимит бардошта мешавад

Ширкати "Барқи Тоҷик" бо нашри як муроҷиатнома хабар дод, ки аз фардо интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад.

Дар ин бора дар муроҷиатномаи ширкати "Барқи Тоҷик", иттилоъ дода шудааст.

Ин ширкат мегӯяд, ҳамакнун, дар сохторҳои энергетикии кишвар тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад.

"Имсол бо сабаби вазъияти маълум ин амал кашол ёфт ва барои ин аз муштариёни муҳтарам маъзарат мехоҳем", - узрхоҳӣ кардааст, ширкати "Барқи Тоҷик".

Ҳамзамон, Ширкати "Барқи Тоҷик" аз тамоми муштариёни нерӯи барқ хоҳиш менамояд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд.

КОВИД аз торикӣ гурехт: "гиря"-ву хандаи корбарон аз барқкушӣ дар Тоҷикистон

"Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад", - таъкид шудааст дар муроҷиатнома.

Дар муроҷиатномаи ин ширкат ҳамчунин омада, ки соли ҷорӣ яке аз солҳои гармтарин ва камоб дар миқёси минтақа ва махсусан, Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар кишвари мо 99 фоизи нерӯи барқ аз ҳисоби об истеҳсол карда мешавад, яъне бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бевосита ва танҳо аз захираҳои об вобаста мебошад.

Ширкат хотиррасон карда, ки тибқи таҳлилҳо зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд.

Зимистон фаро расид, аммо барқ нест: таъмири “Барқи тоҷик” кай ба анҷом мерасад?

"Захираи об то охири зимистон басанда аст, лекин агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе мушкилӣ паси сар намоем, яъне барои ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ зарурат пеш наояд, бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем".

Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, ҳеҷ гоҳ хоҳишманди маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ гузоштани мардум нест.