ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазъияти коронаиврус дар Ӯзбекистон ҳоло мӯътадил аст, вале мақомдорони ин кишвар ҳадс мезананд, ки ин ҳолат метавонад ранги дигар гирад.
Вазири тандурустӣ Абдуҳоким Ҳоҷибоев изҳор намудааст, ки Ӯзбекистон роҳи гурез аз мавҷи дуюми коронавирусро надорад, аз ин рӯ лозим аст, ки пайваста дар ҳолати омодабош қарор гирифт.
Афзоиши гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон: ба 50 ҳазор наздик шуд
Ҳоҷибоев дар мавриди таҳдиди мавҷи дуюми коронавирус ба Ӯзбекистон дар мулоқот бо сафири Ҳиндустон Манишем Прабхат изҳор дошт.
Вазир ба саҳми худи шаҳрвандон дар ба эътидол омадани вазъият таъкид карда гуфт, ки риояи фосилаи иҷтимоӣ ва дигар маҳдудиятҳои пиёдакардаи ҳукумат даст дод, ки вазъ андаке сабуктар шавад.
"Мо дарк мекунем, ки аз мавҷи дуюм роҳи гурез нест. Аз ин рӯ, ҳукумати Ӯзбекистон феълан ба фаро расидани мавҷи навбатӣ омодагӣ мебинад. Аз 150 муассисаи тиббӣ, ки дар мушкилтарин вазъ фаъол буданд, ҳоло танҳо 40 ададашон кор мекунанд. Вале дар сурати лозима боқимонда дармонгоҳҳо низ ба фаъолият шурӯъ мекунанд", - шарҳ дод вазири ӯзбек.
Зимнан, сафири Ҳидустон хабар дод, ки мутахассисони ҳинд ҳоло се ваксинаро алайҳи вируси COVID - 19 омода доранд ва дар сурати собит шудани муассирияти онҳо, Ӯзбекистон низ метавонад ба ваксинаҳо дастрасӣ пайдо кунад.