Шикояти ҷавони 19- сола ба пулис: дар мағозааш ӯро лату кӯб ва таҳдид ба куштан карданд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 24-сола, ки қаблан маҳукум шуда буд хабар дод. Ӯ дар лату кӯби ҷавони 19-сола гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур шикоят бурдааст.

Муноқишаи шабонаи ноболиғону ҷавонон дар Хуҷанд: ду ҷавони 24-сола бо корд захмӣ шуд

Номбурда таъкид доштааст, ки санаи 24-уми ноябри соли равон ӯро дар дохили мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ҳамин ноҳия шахси номаълум, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо корд таҳдиди куштан кардааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар ҳамин ҳол, ВУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.

Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир тафтишот нисбати ин ҳодиса аз сӯи кормандони милистсияи Тоҷикистон идома дорад.