Фитнаи Беловежск: шикастан метавонему сохтан не

Буши калонӣ баъдан дар ёддоштҳояш навишт, ки чӣ гуна Елсин ба ӯ аз хонаи шикор дар ҷангалзори Беловежск занг зада, гуфт: "Горбачев ҳоло аз ин кор хабардор нест.... Мӯҳтарам Ҷорҷ... ин фавқулода, ниҳоят фавқулода" ...
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 дек – Sputnik. Владимир Бичков. Ҳаштуми декабри соли 1991 дар ҷангалзори Беловежск, кишвардори Русия Борис Елсин, раисҷумҳури Украина Леонид Кравчук ва раиси Шӯрои Олии Белорус Станислав Шушкевич, Созишномаи Беловежскро дар бораи таъсиси ИДМ ва хатми ИҶШС имзо карданд.

Путин гуфт, чӣ метавонист мардуми ИҶШС - ро нобуд созад

Собиқ шарики наздики Елтсин Михаил Полторанин дар як мусоҳибае амалкарди Елсинро чунин шарҳ дод: "Елсин дар Созишномаи Беловежск нақши ҳалкунанда дошт. Дили ӯ ба чизе насӯхт. Ӯ парвое надошт ...ҳадафаш танҳо боқӣ мондан сари қудрат буд ... Вай бо Горбачёв дӯстӣ пайдо кард, бо нафаре, ки дилаш ба ҳеҷ чиз намесӯхт. Онҳо гӯё байни ҳамдигар "мубориза" мебурданд. Аммо дар асл, ҳеҷ мубориза набуд! Ҳамаашро шабҳангом ҳаллу фасл карданд".

Ҳанӯз 3 декабри соли 1989 дар Малта Елсин ва Ҷорҷ Буши калонӣ изҳор доштанд, ки ИҶШС ва Амрико дигар рақиби ҳамдигар нестанд. Ин рӯз дар таърих ҳамчун Рӯзи анҷоми "ҷанги сард" нақш баст. Ҳарчанд, ҳоло бисёре аз сиёсатшиносон натиҷаҳои ин мулоқотро "Чернобили сиёсӣ" меноманд.

Даргузашти ҳунарманди халқии ИҶШС Владимир Андреев

Буши калонӣ, ки  бо Горбачёв дар соли 1985 базӯр шинос буд, чунин изҳор доштааст: "Вазифаи мо кумак ба ӯ нест, балки ба манфиати Иёлоти Муттаҳида амал кардан аст, то ба сиёсати ӯ дар самти зарурӣ таъсир расонад".

Генри Киссинҷер пешниҳод кард, ки ба сӯи барқарорсозии Аврупои Шарқӣ бо Аврупои Ғарбӣ бидуни ИҶШС гузаранд. Дар айни замон, ба Горбачёв ваъда доданд, ки тағиротро дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ бар зарари манфиатҳои амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ истифода намекунанд.

Пеш аз мулоқот дар Малта, роҳбари маъмурияти президент Ҷон Сунуну ошкоро гуфт: "Мо [Горбачёвро] зарбаи сахт хоҳем дод ...  Буши калонӣ, ки ҳимматноктар буд, гуфт: "Дуруст аст. Мо ба онҳо ҳамчун гурӯҳи дуздон дармеафтем!"

"Бе ягон ҷумҳурӣ": Жириновский гуфт ҳудуди ИҶШС бозгардонида шавад

Амрикоиҳо нисбати мавқеи раҳбари шӯравӣ ноамнӣ эҳсос карданд. Аз ин рӯ, пас аз вохӯрӣ дар Малта, Котиби давлатӣ Ҷеймс Бейкер дар Маскав аснои мулоқот бо Горбачёв гуфт, Иёлоти Муттаҳида ҳамчун узви НАТО ҷонибдори "Олмони муттаҳид" мебошад.

Зимнан, Бейкер итминон дод, ки салоҳияти НАТО минбаъд ба Шарқ "на як сантиметр аз мавқеъҳои ҳозирааш" паҳн хоҳад шуд.

Вабо, холера, зуком: чӣ гуна бо эпидемия дар ИҶШС мубориза мебурданд - акс

Таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, Горбачёв боварӣ дошт, ки бар ивази имтиёзҳо кӯмаки молиявии Ғарб хоҳад гирифт. Аммо, дар моҳи июли соли 1991, дар нишасти G7 дар Лондон, Буши калонӣ ин орзуҳоро ба хок яксон кард. Горбачёв он замон бар тибқи ёддоштҳо аз Лондон афсурдахотир рафт.

Мушовири президенти Иёлоти Муттаҳида оид ба амнияти миллӣ Брент Скоукрофт вазъро чунин шарҳ дод: "Горбачёв барои гирифтани он чизе, ки ба туфайли ӯ буд, омадааст ... Гуё худи ӯ ҷиддияти мушкилотро нафаҳмидааст." Вале Буши калонӣ танҳо ҳаминро қайд кард: "Чунин ба назар мерасад, ки ӯро ба торсакӣ задаанд, ҳамин тавр не?"

Горбачев: Росия ва ИМА қодиранд, ки ҷаҳонро ба таври дигар идора кунанд

Аммо боз бармегардем ба Созишномаи Беловежск. Ба изҳори Полторанино, "Елсин фикри раёсатҷумҳуриро ҳанӯз моҳи июни соли 1989 аз Амрико овард. Дар Амрико бо сиёсатмадорони рус корҳои калон анҷом дода мешуд. Елсин бошад, ба ин кор таъсири мерасонд".

Дар моҳи июни соли 1991, дар як ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои Олии ИҶШС, Раиси КГБ Владимир Крючков эълом дошт, ки ҳадди аққал 2200 агенти душман дар кишвар амал мекунанд. Кори суқути ИҶШС-ро нерӯҳои пуриқтидоре, ки дар хориҷи кишвар ҷойгиранд, иҷро мекарданд. Инро ошкоро Ҷорҷ Буш низ изҳор дошт: "Ғалабаи бузургтарин бар ИҶШС  ба даст омад ва он ҳамбо дасти худи мухолифони дохилии он"...

"Мо инро намехостем": Горбачёв дар бораи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ

Елсин дар китоби худ "Ёддоштҳои Президент" эҳсосоти худро дар замони маросими дафни "Беловежская" -и ИҶШС чунин тасвир карда буд: "Ногаҳон эҳсоси як навъ озодӣ, сабукӣ пайдо шуд ... Ман дар дил ҳис мекардам: қарорҳои калон бояд ба осонӣ қабул шаванд ..." Буши калонӣ дар ёддоштҳояш навиштааст, ки Елсин ба ӯ аз хонаи шикор дар ҷангалзори Беловежск занг зада, гуфт: "Горбачёв ин натиҷаҳоро ҳанӯз намедонад ... Ҷорҷи азиз ... ин ниҳоят фавқулода муҳим аст. Бо назардошти анъанае, ки аллакай дар байни мо ба вуҷуд омадааст, ман ҳатто даҳ дақиқа интизор нашуда, ба шумо занг задам".