ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Коронавирус ҷаҳонро фаро гирифта, ҳамаро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Теъдоди зиёди одамон аз тарси гирифтор шудан ба ин дард миқдори зиёди табҳои лозиму нолозимро харидорӣ мекунанд.
Дар робита ба масрафоти зиёди одамон барои хариди маводи доруворӣ, пизишки рус Cергей Зариков дар мусоҳиба бо "Аргументы и факты" изҳор дошт, ки дар замони пандемия кадом доруҳоро бояд пешакӣ харидорӣ кард.
"Дексамитазон" дору алайҳи коронавирус: Созмони ҷаҳонии беҳдошт онро пазируфт
Ба изҳори ӯ, қабл аз ҳама таберо бояд харид, ки ҳарорати баданро поён мефарорад.
"Парасетамол беҳтарин дору барои паст кардани ҳарорати бадан аст. Ибупрофен бошад, бо сабаби ҳолатҳои номуайян бо COVID-19 тавсия дода намешавад. Ҳамчунин барои бинӣ низ метавон пешакӣ дору харид. Дар ҳеҷ сурат набояд антибиотикҳо харид ва бидуни таъиноти табиб ба истеъмоли онҳо шурӯъ кунед", - тавсия додааст Зариков.
Гузашта аз ин, мутахассиси рус тавсия медиҳад, ки ҳарчӣ бештар витамини D бояд истеъмол кард, зеро норасоии ин витамин ҷараёни маризии коронавирусро мушкилтар мекунад.
Вале Зариков таъкид намудааст, ки ин витаминро набояд аз меъёр зиёд истеъмол кард, зеро метавонад ба организм зарар ҳам расонад.