ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо судури ёддоште зимни маҳкумияти ин амали террористӣ, ҳамдардии давлат ва миллати худро бо мардум ва давлати Эрон ба хотири террори Муҳсини Фахризода эълом кард, навиштааст хабаргузории Садо ва симо.
Сомонаи Парстудей хабар додааст, ки Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон мебошад, ки 27 ноябр дар ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Обисарди Дамованд устони Теҳрон кушта шудааст.
Бар асоси ҳолнома, Муҳсин Фахризода соли 1958 таваллуд шудааст. Пеш аз он ки бо ҳукумат кор кунад, ӯ дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ хидмат кардааст, пас аз артиш ба ҳайси муаллими физика дар Донишгоҳи Имом Ҳусейн дар Теҳрон кор кардааст.
Тибқи иттилои СММ, Фахризода корманди калони илмии Вазорати дифоъ ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва раҳбари собиқи Маркази таҳқиқоти физика буд. Бар пояи иттилои хадамоти ҷосусии Амрико, ин донишманд дар феҳристи масъулони барномаи ҳастаии Эрон сабт шудааст ва инчунин дар барномаи силоҳи ҳастаии Эрон кор кардааст.
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон қатли Мӯҳсин Фахризодаро иқдоми террористӣ донист
Сиёсатшинос Станислав Тарасов дар муколама бо радиои Sputnik қайд кард, ки қатли Фахризодаро аз ҷиҳати аҳамият бо куштори генерал Қосим Сулаймонӣ қобили муқоиса аст.