Кумита ду инфиҷор дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод: аз баллони газ набуд

Ба таъкиди Кумита, сабаби таркиш риоя накардани талаботҳои сохтмонӣ, ва хунукназарона рафтор намудани идораҳои масъул ва мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рудакӣ, аз ҷумла ҷамоати деҳотӣ Чортеппа мебошад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Зарфи ду рӯзи охир пайи ҳам дар як деҳаи тобеъи ноҳияи Рӯдакӣ ду инфиҷори газ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат расиду 5 тани дигар бистарӣ шуданд.

Инфиҷори балони газ дар ноҳияи Рӯдакӣ: як нафар ҷон бохту як тани дигар бистарӣ шуд

Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳарду инфиҷор ҳам дар фосилаи як рӯз дар як деҳа иттифоқ афтодаву аз ду ҳавлӣ якеро валангор ва дуюмиро қисман хароб кардааст.

Инфиҷори аввал шоми рӯзи 4 декабри соли равон дар хонаи шаҳрванд Мастов Мирмати 46-сола истиқоматкунандаи деҳаи Маърифати ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод.

“Алангаи оташи газ ба бадани чор фарзанди соҳиби хона, ки аз 8 то 24 сол доштанд, расид ва аз 15 то 37 дарсад бадани онҳоро сӯзонд”,-афзудааст, манбаъ.

Коршинос гуфт, ки мушкилии харидории газ аз Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар чист

Гуфта мешавад, онҳо фавран ба бемористон рақами 3 шаҳри Душанбе интиқол ёфтаанд ва ҳоло мавриди муолиҷа қарор доранд.   

Баъди даҳ сол дар Суғд “бӯи” газ меояд

Ба иттилои манбаъ, инфиҷори дуюм рӯзе пас, 5-декабри соли равон соати 16:05 дақиқа боз ҳам дар деҳаи Маърифати ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, дар пайи он Бобомурод Ҳаитови 46-сола, сокини ҳамин русто дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи соҳиби хона бар асари ҷароҳатҳои зиёд ҳоло дар беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст.

 Манбаъ мегӯяд, кормандони Кумита дар пайи муоина муаян карданд, ки сабаби таркиш балони газ набуда, балки аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанберо таъмин менамояд.

“Ин қубур иттифоқан аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон мегузарад ва ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шуда ва сабабгори таркиш шудааст”,-гуфтааст, Кумита.