ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон, сармураббии дастаи футболи "Уфа", Рашид Раҳимов дар бозии 17-уми қаҳрамонии Русия, ширкат карда натавонист, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин даста.
Дар ин бозӣ дастаи "Уфа" муқобили тими "Ростов" баромад мекунад.
Хадамоти матбуотии дастаи "Уфа" хабар дод, ки сармураббӣ ба далели беморӣ натавонист дастпарваронашро дар ин бозӣ ҳамроҳӣ кунад.
"Рашид Раҳимов бар асари баланд шудани фишори хун худро бад эҳсос кард", - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ афзуда, ки феълан ба саломатии Раҳимов хатаре таҳдид намекунад.
Раҳимов дар бораи бозиҳои аввали дастаи КФ "Уфа": вазъ осон нест
Дар ин росто бозии дастаи "Уфа" - ро мураббии испанӣ Эдуардо Докампо назорат мекунад.
Бино ба гузориши ахир, тими "Уфа" 10 имтиёз дорад ва даста дар ҷои 15-ум қарор гирифтааст.
"Ростов" 29 имтиёз дорад ва дар сатри чорум ҷой дорад.