ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Қаблан шаҳрванди Ӯзбекистон Ҳошимхонов Олимхон Орифхон Ӯғлӣ тибқи моддаи 244 (дуздӣ) -и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Ин ҷавони 24-сола дар шаҳри Душанбе ба як силсила дуздии қубурҳои металлӣ айбдор карда шуд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуотии додгоҳи шаҳри Душанбе, Олимхон Хошимхонов ва ҳамроҳонаш моҳи июни соли равон ҳангоми як дуздии дигар боздошт шуданд.
Гуфта мешавад, онҳо қубурҳои металлиро, ки дар гӯшаҳои гуногуни шаҳри Душанбе гузошта шуда буданду ба корхонаҳо тааллуқ доштанд, дуздидаанд.
Ғоратгарон бо мошини боркаш ба ҷои интихобшуда рафта, қубурҳоро бор кардаву сипас ба нуқтаҳои ҷамъоварии металл месупурдаанд.
Инчунин, дар яке аз ҳолатҳо, ҷинояткорон 5 сутуни оҳанин барои камераҳои назоратии "Шаҳри бекатар"-ро низ рабудаанд, ки арзиши онҳо наздики 113 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Дуздии пулу телефон бо таҳдид аз тапончаи кӯдакона: милитсия ду ҷавонро боздошт кард
Зарари расонидаи Олимхон Хошимхонов ва шариконаш ба ширкатҳои сохтмонӣ, ки бо гузоштани қубур машғуланд, беш аз 320 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Боздошти ду ноболиғи 15 ва 16-сола барои дуздии мошин
Олимхон Хошимхонов ба 8 соли зиндон маҳкум шуд ва Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди шаҳри Душанбе ин ҳукмро бетағйир гузошт.