Барои Қрим месӯзад: НАТО орзу мекунад, ки артиши Русия баста шавад - навор

НАТО Русияро ба он муттаҳам мекунад, ки нерӯи низомии худро дар Қрим ва Баҳри Сиёҳ пурзӯр мекунад
Sputnik

Дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ Ҷенс Столтенберг гуфт, ки НАТО ҳузури низомии худро пурзӯр мекунад. Ин тасмими НАТО гӯё дар посух ба амалҳои мушобеҳи Русия пиёда гардидааст.

Чаро "Шикорчӣ" - и бесарнишини Русия ИМА ва НАТО - ро ба ташвиш меорад

Аммо, дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ мушаххас накард, ки нерӯҳои блоки низомӣ дар маҷмӯъ дар наздикии марзҳои Русия чӣ кор мекунанд ва чаро Русия ҳақ надорад дар қаламрави худ ба миқдори таҳдидҳои НАТО дифоъ созад.

Вақтҳои охир шумораи амалҳои таҷовузкоронаи ин паймон дар наздикии марзҳои Русия ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, аз ин рӯ Русия маҷбур аст амнияти худро таъмин кунад.

Бо баҳонаҳои бофта, сарвари Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ кӯшиш мекунад, ки амалиёти блоки ҳарбӣ ва иттифоқчиёни онро дар минтақа сафед кунад.

"НАТО - ро хаёли тиҷорат кард": чаро Русия намехоҳад ба "Ҳафтгонаи бузург" шомил шавад

Сергей Аксенов, роҳбари Ҷумҳурии Крим дар ин робита чунин изҳор доштааст: "Ҳадафи асосии чунин изҳорот асоснок кардани ҳузури нерӯҳои эътилоф дар минтақаи Баҳри Сиёҳ мебошад. Ин як усули авомфиребонаи маъмулист".

НАТО изҳор мекунад, ки гӯё маҷбур аст ба таҳкими Русия дар Баҳри Сиёҳ посух диҳад, аммо касе наметавонад шарҳ диҳад, ки нерӯҳои блоки низомӣ дар наздикии марзҳои Русия чӣ кор мекунанд?

Мусаллам аст, ки амалҳои худи эътилоф дар минтақа ташаннуҷ эҷод мекунанд.Ба фарзи мисол, тамринҳои ахир дар Гурҷистон ва Руминия ва ё хоҳиши Иёлоти Муттаҳида барои бунёди пойгоҳи пурраи низомӣ дар Гурҷистон.

Хулоса дар НАТО як чизро намефаҳманд, ки замоне ҳамаи иғвоҳои пиёдакардаашон ба амнияти дохилии худи онҳо таҳдид мекунанд.