ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Алишер Усмонов, ки қаблан дар вазифаи муовини раиси Хадамоти амнияти давлатӣ кор мекард, роҳбари Хадамоти амнияти давлатии Президенти Ӯзбекистон шуд, ки ниҳоди навтаъсис дар ин кишвар мебошад.
Аз ин таъйинот Gazeta.uz бо истинод ба манбаъҳояш дар ҳукумат бидуни зикри ном хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти нашрияҳои дигар, аз ҷумла Kun.uz, ин таъйинот дар охири моҳи октябр сурат гирифтааст, аммо дар бораи ӯ танҳо ҳоло маълум шуд.
Алишер Аброрович Усмонов соли 2007 бо ордени "Шон-Шараф" дараҷаи II мукофотонида шудааст.
Ин ҷоиза барои садоқат ва шуҷоат дар ҳимояи Ватан, барои хидматҳои бузург дар таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти миллӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳ ва таъмини тартибот дар Ӯзбекистон тақдим карда мешавад.
Қаблан вазифаҳои ҳимояи сарвари давлат ва аъзои оилаи ӯ, инчунин меҳмонони фахрии хориҷиро Хадамоти Амнияти Давлатии Ӯзбекистон (СНБ) иҷро мекард.
Мақомдорони Ӯзбекистон аз соли 2021 аз забони ӯзбекӣ имтиҳон месупоранд
Акнун ин ваколатҳо ба Хадамоти Амнияти Давлатии Президент (ГСБП) мегузаранд.
Ғайр аз он, Хадамоти Амнияти Давлатии Президент инчунин амнияти сарони давлатҳои хориҷиро ҳангоми сафари онҳо ба ҷумҳурӣ таъмин менамояд.
Мубориза бо фарбеҳӣ: дар Ӯзбекистон ба назорати вазни мансабдорон шурӯъ мекунанд
Дар соҳаи масъулияти Хадамоти Амнияти Давлатии Президент инчунин муҳофизати объектҳои истиқомати доимӣ ва муваққатии президент ва шахсони мансабдори олӣ, инчунин роҳҳои ҳаракати онҳо мавҷуданд.