Ин "Пирӯзӣ" аст: сомонаи замин ба ҳавоии С-400 тамоми нишонҳоро ба ҳадаф расонд – видео

Вазорати дифои Русия навори ҷолиберо нашр кардааст, ки дар он санҷиши сомонаи замин ба ҳавоии С-400 "Триумф" ё "Пирӯзӣ" ба навор гирифта шудааст
Sputnik

Санҷишҳои бо муваффақи системаи С-400 дар пойгоҳи озмоишии Капустин Яри вилояти Астрахани Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.

Сергей Шойгу: баъд аз ду сол системаи “С – 300” ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад

"Низоми С-400 бо муваффақ ҳамаи нишонҳоро ба ҳадаф расонд. Мушаки озмоишии "Кабан" дар баландии 15 километр нобуд карда шуд”, - таъкид доштааст вазорати дифои Русия.

Русия дар Тоҷикистон мушакҳои С-300-ро наздикии марзи Афғонистон насб кард

Пеш аз ба артиши Русия додани С-400, ин охирин имтиҳони он буд. Сипас С-400 барои дифои фазои минтақаи Самара равон карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар аввали моҳи сентябр мушакпартоии санҷишии "Триумф" дар пойгоҳи Ашулуки вилояти Астрахан сурат гирифта буд.