Винокуров се суди Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди АвруОсиёро гуфт

Тоҷикистонро аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё роҳати муҳоҷирон, фаъолии сармоягузорон ва густариши савдо интизор аст, мегӯяд иқтисоддони асосии Бонки авруосиёии рушд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Евгений Винокуров, иқтисоддони асосии Бонки авруосиёии рушд, мегӯяд, суди Тоҷикистон аз узвияти эҳтимолӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таҳлил кардаанд ва се фоидаи асосии кишварро ном бурд.

Қазоқистон аз рушди нишондодҳои иқтисодии Иттиҳоди УрОсиё гуфт

Винокуров гуфт, дар ҳошияи нахусти Конгресси авруосиёӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон манофеи асосии ҷумҳурӣ аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро номбар кард.

“Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳои узвият мусбат хоҳанд буд ва он ба се омил вобастагӣ дорад: узвият дар Иттиҳод сармоягузоронро фаъол месозад, савдоро таҳким мебахшад, чун на ҳамаи имконоти содиротӣ феълан истифода мешаванд ва сеюм низоми мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон фароҳам мешавад”, - изҳор дошт Винокуров.

Коршинос зикр кард, ки дар Иттиҳод бозори ягонаи меҳнат мавҷуд мебошад, ки самаранокии худро нишон дод.

Бонки рушди АвруОсиё: ММД-и Тоҷикистон баъд аз пандемия дар соли 2022 барқарор мешавад

Ӯ илова намуд, ки дар сурати узвият шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз дастгириҳои иҷтимоӣ бархӯрдор бошанду иловатан ба буҷаи ҷумҳурӣ низ ҳудуди 200-300 миллион доллар интиқол дода мешавад. Ба гуфтаи Винокуров дар доираи созмон, ҳатто масъалаи таъминоти нафақа низ ҳал шуд, ки тибқи он ҳар ҷое, ки шахс иқомат дорад, низоми пардохти нафақа низ он ҷо мекӯчад.

Феълан Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё набуда, мақомоти он мегӯянд, ҷанбаҳои мусбату манфии пайвастан ба ин созмонро омӯхта истодаанд.