ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бо қарори кишвардори Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.
Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Достиро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мақом озод кард.
Зимнан, муовини дигари вазири молия низ аз вазифа сабукдӯш шуд.
"Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид", - таъкид мешавад дар фармони Раҳмон.
Курсии Шамировро Мирзонабот гирифт: тағйироти кадрӣ дар Бадахшон
Манбаъ меафзояд, бо қарори Раҳмон, Сафарзода Рукмина Сафар муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияро аз вазифа барканор кард.
Гуфта мешавад, Султонзода Зебонисо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия озод карда шуд.
Бо қарори Раҳмон ба ҷойи Зебунисо, Сафарализода Фаррух Маҳмудҷон такя зад.