ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Аз рӯи фарзияи "Parimatch" сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе Виталий Левченко, ки дастаро дар ин мавсим чемпиони Лигаи олӣ намуд, беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон эътироф гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, қаблан ширкати байналмилалии букмекерии "Parimatch" бозингари дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан Илҳом Баротовро беҳтарин футболбози мавсим ва дарвозабони дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимовро беҳтарин дарвозабон муайян карда буд.
Ҳамчунин муҳофизатгари украинии дастаи "Истиқлол" Алексей Ларин беҳтарин муҳофизатгар, бозингари шинохтаи дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд Фатҳулло Фатҳуллоев беҳтарин ниммуҳофизатгар ва ҳамлавари дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе Манучеҳр Ҷалилов беҳтарин ҳамлавари Лигаи миллӣ аз рӯи фарзияи "Parimatch" дониста шуданд.