Дастпарвари футболи тоҷик беҳтарин мураббии моҳ дар Премер Лигаи Русия дониста шуд

Зодаи Тоҷикистон, мураббии футбол Игор Черевченко дубора дар садри рейтинги Премер Лигаи Русия қарор гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Игор Черевченко беҳтарин мураббии моҳи ноябр дар Премер Лигаи Русия эътироф шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин созмон дар Twitter.

Футболбози ҷавони тоҷик Ислом Зоиров имкон дорад бозигари “Химки” -и Русия шавад

Мухлисон, мутахассисони Премер Лигаи Русия ва ҳамзамон шабакаи телевизионии MATCH якдилона ӯро беҳтарин номиданд.

Ёдовар мешавем, Черевченко барои кор бо тими футболи "Химки" даъват карда шуд. Таъиноти ӯ ба ҳайси мураббӣ рӯзи 25-уми сентябр тасдиқ шуд.

Давоми моҳи ноябр ба мураббӣ муяссар шуд, ки бо Рубин (2: 0), Уфа (2: 1) ва Краснодар (1: 0) се бозиро бо ғалаба анҷом диҳад.

Даспарварони Черевченко танҳо як бозиро бо тими "Зенит" (2:0) бохтанд.

Черевченко 46-сол дошта, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.

Cобиқ футболбози тими миллии Тоҷикистон, сармураббии “Химки” шуд

Номбурда тавонист ҳам дар тими мунтахаби кишвар ва ҳам дар бошгоҳҳои футболи Русия бозӣ кунад.

Ӯ ба ҳайси мураббӣ дар дастаҳои "Локомотив"-и Маскав, "Балтика"-и Калининград ва "Арсенал" -и Тула фаъолият кардааст.