Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва ронандаҳо аз фаромадани тарма дар баъзе аз шоҳроҳҳои кишвар ҳушдор додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ин ниҳод  бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор дода гуфтааст, дар қитъаҳои шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз , Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, дараҷаи баланди хавфи тармафароӣ боқӣ мондааст.

Садамаҳо зиёд шудааст, эҳтиёт кунед: ҳушдор ва муроҷиати КҲФ Тоҷиикистон ба ронандагон

Дар робита ба ин, кумитаи бори дигар аҳолиро даъват менамояд, ки аз сафар, ба минтақаҳои хавфнок худдорӣ кунанд ва ҳушёр бошанд.

"Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ё дар қитъаҳои зери тарма қарордошта, бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд. Дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёт бошед. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред!",-афзудааст манбаъ.

КҲФ Тоҷикистон гуфт, дар нуҳ моҳ аз офатҳои табиӣ чанд нафар ҳалок шуд

Ин ниҳод сар аз оғози сардиҳо ва барфборӣ низ ба сокинон ҳушдор дода буд, ки дар фасли сармо ҳамеша аз эҳтиёт кор гиранд, ва аз ронандагон низ хоста буд, то худравҳояшонро пурра барои зимистон омода карда, баъдан ба сафар бароянд.