Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СПАД ширкат мекунад

Маълум шуд, президенти Тоҷикистон дар нишасти Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ чӣ мавзуъҳоеро баррасӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Нишасти навбатии СПАД рӯзи чоршанбе, 2 декабр таҳти раҳбарии президенти Русия, Владимир Путин тариқи видеоӣ баргузор мешавад.

Бино ба эълони Кремл, имрӯз дар музокирот диққати асосӣ ба рушди нерӯи посдори сулҳ дар кишварҳои иттиҳод дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

Тоҷикистонро дар ин нишаст президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ мекунад. Соли 2021 Тоҷикистон раисии СПАД - ро бар дӯш мегирад.

Чуноне ТАСС бо такя ба сардори хадамоти матбуотии Вазорати дифоъ, Фаридун Маҳмадализода хабар медиҳад, Тоҷикистон самтҳои асосии рушд дар соли ояндаро баррасӣ хоҳад кард.

Володин: СААД бояд феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дошта бошад

Дар навбати аввал Тоҷикистон хостори таҳкими амният дар минтақа аст ва дар назар аст, ки дар ин музокирот масъалаи вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ баррасӣ шавад. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи баргузории тамриноти муштараки низомиро, ки соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ мекунад.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Интизор меравад, ки дар ин нишаст президенти Белорус Александр Лукашенко, кишвардори Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Талант Мамитов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СПАД Станислав Зас ширкат мекунанд.