"Террористҳо дар халтаи оташин": навор аз размоиши муштараки Тоҷикистону Русия

Вазорати мудофиаи Русия лаҳзаҳои ҷоллиб аз размоиши муштарак бо Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ҳадафи он нобудсозии террористони шартӣ мебошад
Sputnik

Вазорати мудофиаи Русия тирпарронии артиллерӣ дар размоиши муштаракро нашр намудааст, ки сӯи террористони шартӣ равона шудааст.

Чӣ гуна афсонаҳои тавоноии “Байрактар”-ҳои туркӣ дар Қарабоғ пайдо шуданд

Тибқи барномаи размоиш, гуруҳи террористҳои мусаллаҳ дар ҳайати беш аз 1 ҳазор нафар марзро убур кардаанд.

Воҳидҳои низомии Тоҷикистону Русия бо оташкушоии шадид гуруҳҳои террористиро мавриди гулулаборон қарор доданд.

Бар асоси навор, оташкушоии низомҳои артиллерӣ ба ҳадде шадид буд, ки барои чанд лаҳза воҳидҳои низомӣ зери чанг монданд.

Барои нобудсозии террористон онҳоро ба истилоҳ ба “халтаи оташӣ” ворид карданд. Гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳам аз замину ҳам аз ҳаво, аз ҷумла аз низомҳои "Град", "Ураган", дастгоҳҳои худгарди артиллерӣ 2С3 "Акатсия" ва аз чархболҳо мавриди оташкушоӣ қарор гирифтанд.

Тозасозии маҳалли даргирӣ баъди анҷоми тирпаронӣ аз ҷониби нерӯҳои заминӣ бо истифода аз техникаи вазнин амалӣ карда шуд.