Сафорати Эрон дар Тоҷикистон қатли Мӯҳсин Фахризодаро иқдоми террористӣ донист

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар як баёнияи шаҳодати донишманди барҷаста Мӯҳсин Фахризодаро иқдоми террористӣ ва ҷинояткорона донист
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъкид доштааст, ки иқдоми террористӣ ва ҷинояткоронаеро, ки сабабгори шаҳодати донишманди барҷаста ва воломақом, Муҳсин Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии Вазорати мудофиаи Эрон ва теъдоди дигаре аз шаҳрвандони эронӣ гардид, шадидан маҳкум мекунад.

Эрон аз СҲШ хостори муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори Муҳсини Фахризода шуд

“Бешак ин гуна иқдомоти ҷинояткорона дар террори як мақоми расмӣ ва давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон, шањодати комил ва равшани терроризми давлатӣ ва нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ, мухолифи оинномаи Милали Муттаҳид ва дигар қавонину усули пазируфташудаи байналмилалӣ буда ва интизор меравад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ фориғ аз стандартҳои дугона, ин иқдоми террористии ваҳшиёнаро шадидан маҳкум намоянд”, - таъкид доштааст сафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки душманони Эрон ва бониёну омирони ин амали террористӣ бояд бидонанд, ки иртикоби ин қабил ҷиноёт заррае аз азму иродаи ҷиддии миллати бузурги Эрон дар масири рушди шитобандаи илмӣ ва фатҳи қуллаҳои ифтихор нахоҳад кост.

Мақомоти Эрон таъкид доштааст, ки талоши донишмандону ҷавонони эронӣ дар бораи касби пешрафтҳои бештар дар тамоми ҳавзаҳои илмӣ бо қуввату суръат идома хоҳад ёфт.

Ёдрас мешавем, ки санаи 28 декабр хабаргузории эронии “Тасним” дар бораи марги физики ҳастаӣ Муҳсин Фахризода хабар дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамлагарон дар аввал мошини олимро тарконданд ва вақте ки ин натиҷа надод, мошинро парронидаанд. Худи Фахризода бо чархбол ба бемористон интиқол ёфтаву  дар он ҷо ҷон додааст.

"Падари барномаи ҳастаии Эрон" кушта шуд: кӣ аз марги Муҳсин Фахризода манфиатдор аст

Муҳсин Фахризода соли 1958 таваллуд шудааст. Пеш аз он ки бо ҳукумат кор кунад, ӯ дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ хидмат кардааст, пас аз артиш ба ҳайси муаллими физика дар Донишгоҳи Имом Ҳусейн дар Теҳрон кор кардааст.

Тибқи иттилои СММ, Фахризода корманди калони илмии Вазорати дифоъ ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва раҳбари собиқи Маркази таҳқиқоти физика буд.
Бар пояи иттилои хадамоти ҷосусии Амрико, ин донишманд дар феҳристи масъулони барномаи ҳастаии Эрон сабт шудааст ва инчунин дар барномаи силоҳи ҳастаии Эрон кор кардааст.

Сиёсатшинос Станислав Тарасов дар муколама бо радиои Sputnik қайд кард, ки қатли Фахризодаро аз ҷиҳати аҳамият бо куштори генерал Қосим Сулаймонӣ муқоиса кардан мумкин аст.