Бо рӯймол ва куртаи дароз: Нозияи Кароматулло намоҳанги тоза нашр кард - Навор

Нозияи Кароматулло, ҳунарманди номии тоҷик хабар дод, ки намоҳанги тозаашро ба номи "Ҷони ман" нашр кардааст
Sputnik

Таронаи ва намоҳанги нави "Ҷони ман" шоми 28 ноябр дар пойгоҳи T Music Awards нашр гардид.

Ҳунраманд пештар худаш хабар дода буд, ки таронаи наверо баҳри мухлисонаш омода кардааст.

Ду духтару як писар: Нозия дар бораи оила, "дуздӣ"-и Сито ва шӯҳраташ дар Ҳиндустон

Аз тарона, ки аз нашри он ҳамагӣ як рӯз ҳам нагузаштааст, бештар аз 19 ҳазор маротиба боздид кардаанд.

Зери он қариб ҳазор нафар тугмаи "класс"-ро пахш кардаанд.

Шеъри тарона ба Эҳсон Аъзамиён ва оҳанги он ба Умаров таалуқ дорад.

Дар ҳавои тарона гурӯҳи "NTW ERA" мерақсанд.

Нозия ва Муҳаммадрофеъ дар хумори падар ҳастанд: 58 - умин солрӯзи Кароматуллои Қурбон

Қисме аз намоҳангро дар "Қасри теннис" ба навор гирифтаанд. Тавре дида мешавад, зоҳиран Нозия "имеҷ"-ашро нав накардааст: куртаи дароз ба бар кардааст ва ҷое сарашро бо кулоҳ ва ҷое бо рӯймол қисман пӯшонидааст.

Нозия, ки аз аввал бо тарз либоспӯшии хос ба худаш фарқ мекард, дар чандин ҳунарнамоиҳои ахираш бо пироҳанҳои дароз, гоҳо бо дӯхти ҳиндӣ намоён мешавад.