Натиҷаи баҳсбарангез: муҳорибаи Майк Тайсон ва Рой Джонс бидуни ғолиб анҷом ёфт

Дар Лос-Анҷелес муҳорибаи миёни ду муштзани машҳури ҷаҳон анҷом ёфт. Майк Тайсон ба рақиби ҷавонтараш тавоноии худро пурра нишон дод, аммо ҳайати доварон эълон карданд, ки муҳориба бидуни ғолиб анҷом ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Лос-Анҷелеси Амрико муҳорибаи бокс миёни ду муштзани номӣ Майк Тайсон ва Рой Джонс анҷом ёфт.

Чашмҷангу вазнченкунии Тайсон ва Ҷонс пеш аз муштзании таърихӣ-видео

Пушти сари ҳар яке ин ду муштзан беш аз 50 муҳориба аст ва ҳар ду муштзан собиқ Чемпиони ҷаҳон мебошанд.

Майк Тайсон вазни вазнин дошт  ва Рой Джонс, ки харобтар буду барои ин муҳориба вазнашро зиёд кард, дар ринг каме мушкилӣ кашид.

Тайсон мухлисонашро дар ҳайрат гузошт. Пеш аз муҳориба ӯ гуфт "ҳаяҷон дораду сину солаш рафтааст".

“Ман Брюс ли ҳастам? Шумо чӣ фикр мекунед? Ман 54 сол дорам. Мехоҳам ӯро нокаут кунам? Бале” – гуфт Тайсон.

Аммо вақте, ки ба ринг баромад сину сол фаромуш шуд. Ӯ тамоми тавоноии худро нишон дод. Тайсон рақиби худро мисли давраи ҷавонӣ ба кунҷи ринг мебурду муштҳои сангин мезад. Дар ин муҳориба Тайсон аз даврони ҷавониаш, ки ӯро "Тайсони оҳанин" меномиданд, ҳеҷ фарқияте надошт.

Рой Джонс дар ин муҳориба натиҷаи хубе нишон надод. Аммо баъди 8 раунд доварон эълон карданд, ки дар ин муҳориба касе пирӯз нашуд. Аммо аксари мухлисони бокс бар онанд, ки дар ин муҳориба Майк Тайсон пирӯзӣ ба даст овард.

Худи муштзани номӣ Майк Тайсон аз хулосаи доварон норозигӣ кард ва як каме аз доварон хашмгин шуд. Аммо ба рақиби худ дӯстона рафтор кард.

Рой Джонс пас аз муҳориба гуфт, муштҳои Тайсон ба ӯ мушкилоти зиёде ба бор оварданд.

Рой Джонси 51-сола дар 75 муҳориба 66 пирӯзӣ ба даст оварду дар 9 муҳориба мағлуб шуд.  Майк Тайсон 58 муҳориба анҷом доду дар 50 муҳориба пирӯз шуд.